СММ намояндаи Толибонро қабул накард

Дар пайи нашри гузоришҳо дар бораи истеъфои Ғуломмуҳаммади Исҳоқзай, Носираҳмад Фоиқ раиси намояндаи доимии Афғонистон дар СММ таъйин шуд.

Оқои Фаиқ дар паёме дар сафҳаи Твиттер ин хабарро таъйид кардааст.

Вай гуфт, ин «масъулияти бузург»-ро дар шароити душвор ва ноором ба дӯш гирифтааст ва талош мекунад то садои мардуми Афғонистонро, ки аз мизони баланди бекорӣ, гуруснагӣ, фақр, ҳавои сард ва нақзи ҳуқуқи башар азият мекашад ба гӯши ҷаҳониён бирасонад.

«Ин масъулияти бузурги таърихиро дар ин шароити душвору ноором на ҳамчун як имтиёз, балки як қарз ва ӯҳдадории бузурги ватандӯстона дар хидмат ба мардуми мо ва амалӣ сохтани манофеи волои кишвари азизам медонам», — гуфтааст Фоиқ.

Қабл аз он ки намояндаи нави доимии Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид эълом шавад, ки Ғуломмуҳаммади Исҳоқзай, намояндаи ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз ин созмон хориҷ карда шуд.

Ахиран ҳукумати нави афғонистон зери идораи толибон талош доштанд, ки ин курсиро соҳиб шаванд аммо ҷавоби рад гирифтанд.

Кумитаи таъйиди салоҳияти СММ дуюми декабр бо як қарор баррасии ин мавзуъро, ки чӣ касе намояндаи Афғонистон дар ин созмони байналмилалӣ хоҳад буд, ба таъхир андохта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *