суд

Маҷлиси миллӣ рафтану омадани судяҳоро тасдиқ кард

Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳодҳои раисҷумҳурро барои таъйину бозхонди судяҳо дар судҳои олии кишвар тасдиқ намуд.

Палатаи болоии парлумон ба се судя дар Суди конститутсионӣ, иқтисодӣ ва олӣ мақом дода, барканории бархеи дигарро тасвиб намуд.

Бар асоси пешниҳоди президенту тасвиби парлумон, Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон интихоб гардид. Хушмаҳмадзода Алифмо судяи Суди Олии ҷумҳурӣ шуд. Пешниҳоди таъйиноти Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад низ ба мақоми судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон қабул шуд.

Инчунин Салимзода Юсуф Сафар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии кор дар мақоми судя аз судяи Суди Олии ҷумҳурӣ бозхонд гардид.

Темурзода Шамсиддин Сафар бинобар вафоташ аз мақоми судяи Суди олии иқтисодӣ бозхонд шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *