Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз “комиссияи 44”, ки эътирозгарони шаҳри Хоруғ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳояшон интихоб кардаанд, шоми 19 декабр ба раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муроҷиат карданд. Дар ин муроҷиатнома за ҷумла омадааст:

“Мақсади муроҷиати мо ба унвони Шумо вобаста ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.  

                Айни замон, фақат масъалаи ҷавобгарӣ барои латтукӯби кормандони мақомоти қудратӣ ба роҳ монда шудаасту дар бораи ду нафар кушташуда ва 15 нафар шаҳрвандони аз тир захмишуда сухане нест.           

                Бо парвандаи ҷиноятӣ оиди ба қатл расондани шаҳрванд Зиёбеков Гулбиддин ва дигар шаҳрвандон тафтишот рафта истодааст.

                Халқи таҳаммулпазири Бадахшон тамоми мушкилиҳоро бо сари баланд мегузаронад ва ҳукуматро ҳамаҷониба тарафдорӣ намуда истодааст.

Сулҳу ваҳдат, тинҷию амонии ҷомиа ва давлат, муттаҳидии миллати тоҷик, якпорчагии Ватани азизамон Тоҷикистон, ки ин арзишҳои бебаҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, сарвари Ватанамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фидокориҳо ва ҷонбозиҳо барои миллат овард, имрӯзҳо дар шаҳри Хоруғ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар умум арзишҳои зикргардида зери хатар ҳастанд, ки ин метавонад оромию сулҳу суботро дар миқёси тамоми Тоҷикистони азизамон халалдор намояд.    

                Бино бар чунин ҳолати кор, мо, халқи сулҳпарвари Бадахшон, тарафдорони сиёсати сулҳҷӯёнаи сарвари кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як умед ба Шумо муроҷиат менамоем, ки масъалаи вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳимояи сулҳу субот дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор диҳед, тамоми донишу маҳорати худро ба кор бурда, вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро зери назорати қатъии худ қарор дода, ба мо кумаки амалии худро расонед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Следите за нами в социальных сетях
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Все комментарии

Станьте первым, кто оставит свой комментарий.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *