Эшони Аъзамро ҳам ба Тоҷикистон фиристоданд
Расонаҳо хабар додаанд, ки мақомоти амниятии Русия шаҳрвандии Эшони Аъзам, як шахсияти маъруф дар ҷамъияти тоҷикони Новосибирскро бекор карда, ӯро рӯзи 18 декабр аз Русия депортатсия кардаанд.
Эшони Аъзамро баробари ба Тоҷикистон расиданаш мақомоти ҳифзи ҳуқуқ “пешвоз” гирифтаанд.
“Эшони Аъзамро рӯзи 18 декабр, соати 13:30аз фурудгоҳи Новосибирск бо парвози Новосибирск – Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) депортатсия карданд. Эшони Аъзамро афсарони ФСБ, ки ниқоб дар сар доштанд, ба ҳавопаймои роҳии Тоҷикистон бор карданд. То даруни ҳавопаймо ӯро завлона дар дастонаш бурданд. Ҳамроҳи Эшони Аъзам як занаш ҳамроҳи фарзандонаш низ ба Тоҷикистон баргаштанд” гуфта мешавад дар хабар
Нафароне, ки рӯзи 18 декабр бо парвози Новосибирск – Бохтар ба Ватан баргаштанд, хабар доданд, ки Эшони Аъзамро дар фурудгоҳи Бохтар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо худ гирифтанд ва бурданд.
Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ӯро ба ҳабс гирифтаанд, ё танҳо барои бозпурсӣ бурдаанд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ