Дӯстум фоҷиаи Дашти Лайлиро такрор карданист
Манобеъи наздик ба маршал Абдуррашид Дӯстум, раҳбари Ҳизби Ҷунбиши миллии Афғонистон, дар дидор бо генералҳо ва фармондеҳони ин ҷунбиш гуфтаанд, ки муқовимати худро алайҳи толибон ва таърихи Дашти Лайлӣ такрор хоҳанд кард.
Дар ин бораи хабаргузории «Омоҷ нюз» иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, маршал Дӯстум ба фармондеҳонаш ваъда додааст, ки дар муқобили толибон истодагарӣ хоҳанд кард.
Ӯ ба фармондеҳони зертобеяш ваъда додааст, ки таърихи Дашти Лайлӣ такрор хоҳад шуд.
Қаблан Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии мардуми Афғонистон, дар саҳифаи Фейсбуки худ аксе бо Дӯстум нашр карда буд, ки дар он «як мулоқоти дӯстона» навишта буд.
Ин нахустин акси маршал Дӯстум пас аз суқути Афғонистон ба дасти Толибон аст, ки зоҳиран дар Туркия гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем куштори Дашти Лайлӣ сентябри соли 200 замони ҳамлаи ИМА ба Афғонистон дар қисмати шимолии ин кишвар сар зад.
Дар ин макон ҳинни интиқоли толибони зиндонӣ аз Қундуз ба Шибирғон садҳо нафар аз онҳо ва тибқи баъзе манобеъ ҳазорон нафар аз ҷониби низомиёни таҳти роҳбарии Дӯстум қатл шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ