Гардиши мол байни Тоҷикистону Русия ба $1 миллиард расид

Дар шаҳри Санкт-Петербург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Тавре маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, 27- умии декабр дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчуби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.

«Аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, рушди бемайлони муносибатҳо, сатҳи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, ки дар соли 2021 беш аз 1 миллиард долларро ташкил медиҳад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои фарох дар соҳаҳои металлургия, истихроҷи маъданҳои куҳӣ, сохтмон, тандурустӣ, фармасевтӣ ва дигар самтҳои бахши иқтисодӣ, табодули андеша намуданд»- иттилоъ дод манбаъ.

Дар рафти мулоқот ба масъалаи таъсиси Шӯро оид ба ҷалби сармояи мустақими Русия ба иқтисодӣ Тоҷикистон ҷиҳати фаъолгардонии ҳамкории сармоягузорӣ ва тақвият бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баҳри мусоидат ба ин раванд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо оид ба пешрафти онҳо андешаронӣ карданд.

Дар мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, вазъи мураккаби гуманитарии кишвари Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин даъват ба амал овард, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *