Тафсилоти марги се нафар ба хотири як “зарядник”

“26-уми декабри соли 2021, тахминан соати 13:50, 4 нафар ҷавонони 18 ва 19-солаи сокини Панҷакент бо маслиҳати пешакӣ дар рӯ ба рӯи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, бо се ҷавони 17, 21 ва 23-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурдагон задаанд.Дар натиҷа, 3 нафар ҷавон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияе, ки рӯзи 28 декабр дар сомонаи ВКД нашр шуд.

ВКД дар бораи сабаби муноқишае, ки бо чунин оқибати фоҷиабор анҷомид, чизе нагуфтааст. Вале бино ба ин манбаъ, нисбат ба 4 дастгиршуда аз тарафи прокуратураи шаҳри Панҷакент бар асоси моддаи 104, қисми 2, бандҳои “а”, “к” (куштори беш аз 2 нафар  аз ҳиссиёти авбошӣ) ва моддаи 237 қисмҳои 2 ва 3 бандҳои “а”, “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошии гуруҳӣ бо истифода аз корд ба сифати силоҳ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ин 4 нафар  барои авбошӣ то 7 соли зиндон ва барои куштори сегона аз 15 то 25 соли зиндон ва ҳатто ҳабси абад таҳдид мекунад.

Тавре дар расонаҳо навиштаанд, сабаби “разбор” дар назди мактаби №15, ки бо чунин оқибати фоҷиабор анҷомид, баҳси ночизе бар сари як “зарядмонак” будааст. 4 нафари дастгиршуда сокинони деҳаи Фароб ва кушташудаҳо як ҷавони 17-сола аз деҳаи Моғиён ва ду бародар: Ғолибшоҳи 23-сола ва Зоҳиршоҳи 21-сола аз шаҳраки Суғдиён (собиқ Таррор) будаанд. Ғолибшоҳ ва Зоҳиршоҳ дар ҷои ҳодиса ва навраси моғиёнӣ соате баъд дар бемористон  ҷон доданд.

 Ҳамлагарон баъди чунин ранг гирифтани кор аз ҷои ҳодиса фирор карда, ба деҳаҳои худ рафтаанд. Вале ба кормандони милитсия муяссар шуд, ки яке аз онҳоро дастгир кунанд ва тавассути баёноти ӯ шахсияти ҳамлагарони боқимондаро ҳам маълум карда, онҳоро дар Фароб дастгир кунад ва ба Панҷакент пас биоранд.

Ғолибшоҳ ва Зоҳиршоҳ фарзандони корманди корхонаи тиллои “Зарафшон” Усмон Латифӣ будаанд.  Ин оила қаблан дар ноҳияи Панҷ зиндагӣ мекард ва баъди дар корхонаи “Зарафшон” кор пайдо кардани Усмон Латифӣ ба Суғдиён кӯчид. Дар ин шаҳрак асосан коргарони “Зарафшон”, маъруф ба “тиллозавод” зиндагӣ мекунанд.

Азбаски асли ин хонавода аз деҳаи Косатарош аст, Ғолибшоҳ ва Зоҳиршоҳро рӯзи 27 декабр дар оромгоҳи деҳаи Косатарош дар канори шаҳри Панҷакент ба хок супурданд.

Шоири зодаи Косатарош Исмоил Зарифӣ дар Фейсбук хабар дод, ки чанд сол пеш як бародари дигари Ғолибшоҳу Зоҳиршоҳ ҳангоми хидмат дар артиш ҷон бохта шуд ва рӯзи 27 декабр Ғолибшоҳу Зоҳиршоҳи ҷавонмаргро дар паҳлуи он бародари низ ҷавонмаргшудаашон дафн карданд. Исмоил Зарифӣ навиштааст, ки қатли якбора се ҷавон Панҷакентро ба ларза овард…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *