Шӯхиҳои солинавӣ. Хандеду маранҷед!
Ба Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон:
Ту дар сомонаҳо хеле фаъолӣ,
Хабар гирӣ занони Хуталона.
Намонда мард дар сартосари мулк,
Муҳоҷират шавад охир занона.
Ба Баҳоуддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара:
Сӯхт қирғиз хонаат, ҳамроҳи халқ,
Ту бисозӣ хонаву қишлоқи нав.
Ризқи мардум кам нагардад ҳеҷ гоҳ,
Мулк обод мекунед аз қоқи нав.
Ба Авазхон Кабиров, директори бозори «Султони Кабир»:
Биҳиште сохтӣ дар мулки Хатлон,
Бикардӣ ту чулистонро гулистон.
Бикӯчонанд «Султони Кабир»-ат,
Ту «Султони навин» созӣ, Авазхон!
Ба Маликшоҳ Неъматов, раиси Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон:
Басо сомонабозӣ мекунӣ ту,
Паси сар карда он ҷо моҳу рӯзат.
Ту, ки дар «Фейсбук» хеле фаъолӣ,
Кай обод мекунӣ профсоюзат?
Ба Ҳошим Гадо, Ҳунарманди халқии СССР:
Ҳам носиру ҳам тоҷир,
Донед, ки ман бошам.
«Бигзор Гадо бошам,
Дар хоки Ватан бошам».
Ба Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон:
Шоир асту носир асту олим аст,
Дарди миллат сахт доғаш мекунад.
Баҳри ҷоиза набинвисад Ато,
Рӯдакӣ рӯзе суроғаш мекунад.
Ба Ҳуринисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО:
Баъди «Минбар», «Бонувон» овард ӯ,
Минбари Шӯрои ВАО-ро ба даст.
Мо — ҷавонон пир гаштем пеши ӯ,
Рафт шасту ӯ намегардад зи шаст.
Ба Назризода Давлаталӣ,Сафири Тоҷикистон дар Украина ва Молдавия:
Байни бендеру яҳуду молдавӣ,
Ман надонам, дӯстам, дорӣ чӣ ҳол?
Ғарб русу украин созад ҷудо,
Дӯст гардонӣ ту тоҷику хахол.
Ба Фаррух Рӯзиматов, ситораи ҷаҳонии балет, Ҳунарманди Халқии Русия, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон:
Ба ӯ каф кӯфта дар Порису Лондон,
Ва ҳам дар Риму дар шаҳри Вашингтон.
Кунун баргаштааст ба хонаи худ,
Қаноат мекунад бо пораи нон.
Ба Ғиёсиддин Меъроҷов, табиб, Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон:
Он қадар кардӣ маризонро шифо,
Ки ҳама гардидаанд ҷону ҷигар.
Номи Синоро баланд бардоштӣ,
Кашф кардӣ ту дар илм қутби дигар.
Ба Сайрам Исоева, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон:
Аз ҳусну малоҳату ҳунармандии ту,
Бинандаи синамо бимонда ба шигифт.
Ҳаққи қаламе, ки доданат дар Тошканд,
Фирдавсӣ барои «Шоҳнома» нагирифт.
Ба Одили Нозир, муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон»:
Ӯ дар ҳама жанр марди соҳибҳунар аст,
Ҳар ҷо, ки гапе шавад, ӯ бохабар аст.
Дар «Оила» гашт соҳиби оила,
Вазни суханаш зи вазни ӯ бештар аст.
ШӮХИҲОИ СОЛИНАВӢ АЗ ҶУМЪАИ МИРЗО
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ