Ду раис чӣ гуфтанду чӣ монданд?!
Баъд аз муноқишаи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки ду кушта ва беш аз бист захмӣ бар ҷой гузошт, тарафҳо баҳси лафзиро бар сари «қитъаи 275-метрии замин» оғоз кардаанд. Ҷониби Қирғизистон онро «Торт-Кочо» меномад ва, ба иддаои раиси вилояти Бодканд, дар ҳоли ҳозир ба ҳич кишвар тааллуқ надорад. Раиси вилояти Суғд мегӯяд, ин қитъа қаламрави Тоҷикистон аст.
«Роҳи 275-метрӣ» ё «Торт Кочо» бо номи роҳи «Уш-Бодканд-Исфана» машҳур аст. Ин қитъаи замин дар наздикии буриши роҳи Ворух – маркази Исфара ҷойгир буда, ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро бо Бодканд ва деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳро ба ҳам мепайвандад. Деҳаҳои Куктош ва Ортабози Қирғизистон ҳам дар ин ҳудуд ҳастанд. Ҳангоми баҳсу даргириҳо ду тараф ин роҳро мебанданд.
Ду каллаю ду далел
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, рӯзи 31-уми январ дар изҳороте гуфт, ин қитъаи роҳ «ҳеч гоҳ баҳсӣ набуд» ва «як бахши қаламрави Тоҷикистон аст». Вай афзуд, «мефаҳмем, ки роҳи мошингард ба ноҳияи Лайлак барои Қирғизистон то чӣ ҳад муҳим аст. Ният надорем, барои ҳамсояҳо монеа эҷод кунем, ба шарте ки онҳо низ ба равуои озоди шаҳрвандони Тоҷикистон ва кашондани бор монеа эҷод накунанд.»
Як рӯз пеш аз он, раиси вилояти Бодканд, Абдикарим Алимбоев, дар суҳбат бо «Sputnik Қирғизистон» гуфтааст, «Торт Кочо» ҳанӯз ба расмият надаромадааст ва ҳоло ба касе тааллуқ надорад.
«Аз он ҳам шаҳрвандони Қирғизистон ва ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон истифода мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон мехоҳад, қитъаи «Торт Кочо» қаламрави Тоҷикистон ҳисоб шавад, аммо ин ғайриқонунӣ аст,» – афзудааст ӯ.
Раиси вилояти Суғд иддаои раиси вилояти Бодкандро нодуруст хонд. Раҷаббой Аҳмадзода дар изҳороти рӯзи 31-уми январ гуфт: «Мувофиқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1929 ва маводи комиссияи паритетии соли 1989, бебаҳс ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин қитъаи роҳи мошингард ва пул бо дархости ҷониби Қирғизистон аз 18-уми майи соли 2007 ба мудати 49 сол бо арзиши рамзӣ ба иҷора дода шудааст.»
Чизе, ки ҷониби Қирғизистон пазируфтанӣ нест. Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳурии Қирғизистон, 17-уми январ дар суҳбат бо нашрияи «Вечерний Бишкек» гуфта буд, ки протоколи қаблан имзошударо дар бораи ба иҷора додани роҳ эътироф намекунад.
Раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Абдикарим Алимбоев ҳам даъво дорад, ки дар мавриди ин масъала «комиссияи байниҳукуматӣ кор мекунад». Аммо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, «мақоми ин мавзеъ набояд мавзӯи баҳсу гуфтушунид бошад.»
Ба Ворух ҳеч долоне дода нахоҳад шуд. Яъне чӣ?
Дар расонаҳои Қирғизистон изҳори нигаронӣ мешавад, ки аз они Тоҷикистон дониста шудани ин қитъаи роҳ амалан ноҳияи Лайлаки ин кишварро ба «анклав» ё ҷазирқаламрав табдил медиҳад. Биноан, Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон, изҳор доштааст, ки Лайлак ҳаргиз ба анклав табдил нахоҳад ёфт.
«Вақтҳои охир низои марзӣ дар Бодканд баҳс шуда, аз ташкили долон ба тарафи Ворух нигаронӣ мешавад. Ба Ворух ҳеч долоне дода нахоҳад шуд. Лайлак ҷазирақаламрав намешавад… Ба Шумо итминон медиҳам, ҳеч амали хилофи манфиатҳои Қирғизистон нахоҳад буд,» – гуфтааст Жанарбек Акаев, раиси Кумитаи умури байнулмилалӣ, дифоъ, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон.
Пойфишорӣ ба анклав ё ҷазирақаламрав номидани Ворух аз тарафи Қирғизистон дар навбати худ ба ин кишвар имкон медиҳад, равуо байни Исфара ва Ворухро таҳти назорат дошта бошад ва дар лаҳзаи даркорӣ қатъ кунад.
Сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон дар солҳои истиқлол борҳо макони даъвову баҳсҳо ва гоҳе муноқишаҳои хунин шудааст. Ду кишвар беш аз 900 километр марз доранд, аммо беш аз чаҳорсад километри онро таъину нишонагузорӣ накардаанд. Сокинони деҳаҳои наздимарзӣ ҳар чанд вақт барои дастрасӣ ба обу замин, чарогоҳҳо ва роҳҳо ё сари мақоми ҳуқуқии нуқтаҳои ҷуғрофӣ бо ҳам баҳс мекунанд. Коршиносон мегӯянд, ин баҳсҳо то рафт сахттар мешаванд ва дахолати сиёсатмадорон ба оташи он равған мерезад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ