15 000 000 хисорот аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар давоми 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 606 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта шудааст.

Рустам Назарзода таъкид кард, ки бар асари офатҳои табиӣ ҳашт нафар ба ҳалокат расидаанд.

“Ду нафар бар асари сел, ду нафар аз резиши тарма, ду нафари зери сангрезӣ ва ду нафар бар асари бар барф ба ҳалокат расиданд”, — гуфт Рустам Назарзода.

Ба гуфтаи Рустам Назарзода, бар асари офатҳои табиӣ 88 бинои истиқоматӣ (16-то пурра, 19-то қисман хароб шудааст), 179 бинои ёрирасон, як мактабу кӯдакистон, 17 пул, 107 гектар замини корам, 298 километр роҳ осеб дидааст.

Маблағи хисороти расида аз офатҳои табиӣ, ба гуфтаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, 15 миллион сомониро ташкил дод.

Тибқи иттилои масъулиниин ниҳод, дар 6 моҳи соли равон ба хотири риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 84 нафар дар рӯдхонаҳо ва обанборҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 маврид бештар аст.

Дар миёни ғарқшудагон 7 кӯдаки то 4 сола, 15 кӯдаки аз 5 то 10 сола, 24 нафар ноболиғон аз 11 то 16 сола, 27 нафар аз ҷавонон аз 17 то 35 сола ва 11 нафари дигар аз 35 сола боло ғарқшуда ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *