15 март — Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
15-уми март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад.
Дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амал мекунанд.
Ин санадщо муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми хариду фурӯши мол (фармоиши иҷрои кор, хизматрасонӣ) ва муносибатҳои шартномавӣ ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани мол ё хизматрасонии дорои сифати муносиб, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунанд.
Ҳангоми пайдо гардидани суол ё арзу шикоятҳо доир ба сатҳу сифати хизматрасониҳои Амонатбонк метавонед ба маркази тамоси бонк (1885) муроҷиат намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ