15 муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шуд
Бар асоси қарори суди ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербург 15 шаҳрванди Тоҷикистон бо айбномаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз Русия ихроҷ шуданд.
Ин афрод рӯзи 18 октябри соли ҷорӣ дар хонаи рақами 4 дар хиёбони Маскави шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуданд. Онҳо ба вайрон кардани қоидаи вуруд ва будубош дар Русия муттаҳам гардиданд.
Бино ба иттилои суди шаҳри Санкт-Петербург, ҳамчунин, 15 муҳоҷири тоҷик ба миқдори 5 ҳазор рублӣ ҷарима шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ