15 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон нақшаи давъати наваскаронро иҷро карданд
Дар Тоҷикистон давоми даҳрӯзаи аввали даъват ба хизмати ҳарбӣ 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар нахустин рӯзи даъват ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод дар баробари ВМКБ нақшаро иҷро карданд.
«Иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии соли равон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давоми даҳ рӯз 65%-ро ташкил медиҳад», — иттилоъ медиҳад вазорат.
Иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Хатлон беш аз 60%-ро ташкил додааст, ки дар ҳамин шабу рӯзи даъвати тирамоҳии соли 2022 он ба 54% баробар буд.
Дар даҳрӯзаи аввал иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 43%-ро ташкил медиҳад, ки ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар мебошад.
Дар ин муддат нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 45% иҷро гардид.
Ёдовар мешавем, ки даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон аввали моҳи октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома хоҳад ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ