15 сомонӣ нархи иҷораи як китоби дарсӣ

Баъзе аз волидони хонандагони макотиби Панҷакент мегӯянд, барои иҷораи китоби дарсӣ ба фарзандонашон то 15 сомонӣ маблағ додаанд, ки ҳатто аз нархи комили ин китобҳо дар бозор бештар аст. Ин дар ҳолест, ки вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, гаронтарин нархи иҷораи китоби дарсӣ аз 5,68 сомонӣ боло нест.

Китоби «Алифбо”-ро, ки Вазорати маориф ва илми кишвар арзиши иҷораашро дар соли аввали иҷора 3,88 сомонӣ муқаррар кардааст, дар бархе аз мактабҳои шаҳри Панҷакент муаллимон то 15 сомонӣ ,ба хонандагон тақсим кардаанд.

Баҳор, як сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, фарзандаш имсол ба мактаби №-и 3-и шаҳр синфи 1 рафт.

Китоби «Алифбо”-яшро худам харидам, аммо муаллимааш гуфт, ки китоб дошта бошед ҳам бояд аз мактаб гиред. Яъне китоби мактаб иҷорааш маҷбурӣ будааст. Китоби аз мағоза харидаамро баргардонида, маҷбур ба 15 сомонӣ аз мактаб китоб гирифтам, ки онро дар охири сол бояд фарзандам баргардонад, – мегӯяд ин модар.

Ба андешаи хонум Баҳор, китоби математикаро барои синфи 1-ум ба фарзандаш, ба қиммати 6 сомонӣ ба иҷора гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки нархи аслии фурӯш (на ба иҷора додан балки фурӯш)-и китоби «Алифбо”-ро Вазорати маориф ва илми кишвар 11,42 сомонӣ муқаррар кардааст.

Шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент дар як мактуб аз 25.06.2018 таҳти №967 ба суоли мо дар бораи норасоии кадом китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ посух гардонид, ки дар баробари китобҳои дарсӣ аз қабили Ботаника барои синфҳои 5-6, адабиёти тоҷик барои синфҳои 7-9, математика барои синфи 5, ҳамчунин китобҳои дарсӣ барои зинаи аввали таҳсилот намерасанд, ки барои дархосташон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост фиристодаанд.

Дар ҳамин ҳол суоле пайдо мешавад, ки агар китобҳои дарсӣ барои зинаи аввали таҳсилот нарасанд, чаро бархе аз муаллимони мактабҳо волидон, ки метавонанд китоби дарсии фарзанашонро метавонанд дастрас кунанд, маҷбур меменамоянд, ки ҳатман аз мактаб китоб иҷора гиранд?

Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент мегӯяд, аз ҳама арзонтарин иҷораи китоби дарсӣ ин китоби «Санъат ва меҳнат” барои хонандагони синфҳои 3 ва аз ҳама гаронтарин иҷораи китоб «Русская речь” будааст, ки арзиши солонаи аввали 1,08 сомонӣ ва охирон 5 сомониву 88 дирамро ташкил медодааст.

Аммо волидон мегӯянд аз ин бештар барои ин китобҳо аз онҳо маблағи иҷора мегиранд.

Ҳатто аз китоби «Санъат ва меҳнат”, ки гӯё аз ҳама арзиши арзонтарини иҷораро дора будааст, аз баъзе мактабҳои шаҳри Панҷакент,4-5 сомонӣ пул мегирифтаанд.

Як мушкили дигар ва асосӣ ба андешаи волидону ҳатто худи бархе аз омӯзгорон ин зуд – зуд иваз шудани барномаи дарсӣ ва тақрибан ҳар сол ба нашр расидани китобҳои дарсӣ, ки аллакай барои хонандагони солҳои минбаъда дуруст намомадани китоб будааст. Волидони хонандагони мактабҳои шаҳри Панҷакент мегӯянд, борҳо шудааст, ки китоби соли гузашта харидаамон, аллакай барои имсол дуруст намегирифтааст.

Шамсиддини Сангинов, падари як хонанда аз мактаби рақами 1-и шаҳр мегӯяд: «Барои фарзандам як китоби алифбои ҷиянамро, ки ду сол пеш синфи якумро хатм карда буд, гирифтем. Аммо омӯзгори мактаб мегӯяд, он китоб ба мо дуруст намеояд, Алифбои нав чоп шудааст. Чи магар дар ду сол дар Алифбо ҳарфҳои нав ворид карда шуд ё ягон ҳарфро ихтисор карданд, ки китоб дуруст намеояд? Мо як китобро чандин сол акову хоҳару апа мехондем. Ҳозир бошад барои 1-2 сол аллакай фарқият!

Як омӯзгор аз ин мактаб гуфт, фарқияти китоби «Алифбо”-ҳои гузаштаву нав, танҳо барои расмҳо будааст.

Тибқи низоми муайянгардида, нархи китобҳои иҷоравӣ барои як сол 34%-и арзиши умумии китобро ташкил медодааст. Айни замон ба иттилои шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент, маблағи қарзи китоб дар назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, 978 000 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти расмӣ, соли равон ба дабистонҳои Панҷакент 57 915 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда будаанд, ки аз ин миқдор 7186 нафар бори аввал ба остонаи мактаб қадам ниҳодаанд.

Агар дар мактабҳои Панҷакент 7186 нафар талабаҳои синфи 1 таҳсил кунанду ҳамаи онҳо ба ҳисоби миёна 10 сомонӣ қитоби Алифборо ба иҷора гиранд, ин мешавад 71 860 сомонӣ. Барои ин миқдор талабаҳои синфи 1-ум, агар аз рӯзи нархномаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илм барои иҷрои китоби Алифбо 3,88 сомонӣ муқаррар намудааст ҳисоб намоем, он ҳамагӣ 27 881,68 сомонӣ мешавад.

Акнун суоле посух мехоҳад, ки ин миқдор маблағ ба куҷо меравад, дар ҳоле, ки қарзи шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент, 978 000-ро ташкил додаасту чандин сол аст, ки қарзаш баробар намешавад.

Ба андешаи соҳибназарон, аз инҷо чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки агар барои мисол ба ҳисоби миёна аз 57915 нафар хонанда, 20 сомонӣ пули иҷора диҳанд, 1 миллиону 158 ҳазору 300 сомонӣ маблағ ҷамъ кардан мумкин аст, ки дар як сол пурра қарзи шӯъбаи маориф пардохта мешавад. Ва он ҳам дар ҳоле ки дар бисёр маврид волидон то 50 сомонӣ барои фарзандонашон китоббулӣ медиҳанд.

Бознашр аз Ахбор

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *