15 вазири корҳои хориҷӣ ба Душанбе меоянд
«Қалби Осиё – раванди Истанбул» як ибтикори минтақавӣ бо ташаббуси Афғонистон ва Туркия аст, ки соли 2011 оғоз шудааст. Ҳадафи он мусоидат ба рушди Афғонистон дар арсаҳои мухталиф мебошад.
Тавре Маркази матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 23-юми март иттилоъ дод, дар ҳамоиши нуҳуми»Қалби Осиё – раванди Истанбул» , ки рӯзи 30 март дар Душанбе баргузор хоҳад гашт, суханронии вазирони корҳои и хориҷии 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, 16 кишвари кӯмакрасон ва раҳбарони 16 созмони минтақавию ҷаҳонӣ дар шакли онлайнӣ ё маҷозӣ, дар назар аст. Конфронс бо қабули «Эъломияи Душанбе» ва ҳам як нишасти матбуотӣ бо ширкати вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон ба анҷом мерасад.Дар оғози конфронс Президенти Тоҷикистон Эомалӣ Раҳмон сухан хоҳад кард.
«Қалби Осиё – раванди Истанбул» як ибтикори минтақавӣ бо ташаббуси Афғонистон ва Туркия аст, ки соли 2011 оғоз шудааст. Ҳадафи он мусоидат ба рушди Афғонистон дар арсаҳои мухталиф мебошад.
Нишастҳои қаблии «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» аз соли 2011 то ба ҳол дар Истанбул, Кобул, Алмато, Пекин, Исломобод, Амритсар ва Боку баргузор шудаанд.
Кишварҳои ширкаткунанда дар ин раванд Туркия, Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ