150 муҳоҷири тоҷик аз Қазоқистон омаданд
Гурӯҳи 150-нафараи муҳоҷирони тоҷик шоми 1-уми ноябр аз Қазоқистон ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Ба иттилои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Қазоқистон, ин қишри муҳоҷирон бахусус осебпазир ва эҳтиёҷманд ба ёрӣ мебошанд, чун бо сабаби пандемия ва баста шудани марзҳо дар ҳолати сангини иҷтимоиву маишӣ қарор гирифтаанд. Дар ин бора хабар медиҳад Озодӣ
Дар изҳороти расмии созмон рӯзи 2-юми ноябр омадааст, ки барои интиқоли ин гурӯҳи муҳоҷирон сохторҳои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ва инчунин ҳукуматҳои ин кишварҳо мусоидат кардаанд.
Шакарбек Норматов, раиси созмони “Ҷамъияти тоҷикон”-и воқеъ дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон гуфт, 150 шаҳрванди Тоҷикистон савори чор автобус аз гузаргоҳи Жибек-Жолии Қазоқистон ва вилояти Туркистони Узбекистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Роҳи транзит аз хоки Узбекистон ду соат тӯл кашид ва онҳо шаби 1-уми ноябр ба Тоҷикистон расиданд.
СБМ мегӯяд, ки дар шароити пандемияи COVID-19 муҳоҷирони бекормонда ба як қишри осебпазир табдил шудаанд ва дар қиёс бо сокинони маҳаллии кишварҳои кору зист аз ҳимояти камтари ҷомеаву низоми адлия бархурдоранд. “Ба онҳо хатари рӯбарӯ шудан бо муносибати бераҳмона, истисмори кориву қочоқ таҳдид мекунад. Дар ояндаи дур муҳоҷирон ба гурӯҳҳои заъфпазир шомил мешаванд, чун ҷои корӣ кам шуда, имконияти дастрасӣ ба хадамоти иҷтимоиву тиббӣ маҳдуд ва муносибати мардуми маҳаллӣ ба онҳо ҳам гоҳо бад мешавад”, омадааст дар изҳороти масъулини СБМ дар Қазоқистон. Ин созмон мегӯяд, дар оянда ҳам ба ин гурӯҳи муҳоҷирон ёриашро идома медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ