1500 ҷодугар ва фолбин аз ҷониби ВКД боздошт шуданд

Дар доираи мубориза бо хурофот ва фаъолияти ғайриқонунӣ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз 1500 нафарро барои машғул шудан бо ҷодугарӣ ва гадоиву фолбинӣ боздошт кардааст.

Ҳамчунин беш аз 5 ҳазор ходимони дин, ки дар онҳо ақидаҳои радикалӣ мушоҳида шудаанд, ба қайд гирифта шуданд.

 Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ барои тайёр кардани кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ иброз дошт.

Президенти кишвар таъкид кард, ки мубориза бо ифротгароӣ ва нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ вазифаи аввалиндараҷаи давлат боқӣ мемонад ва мақомоти корҳои дохилӣ бояд корҳои пешгирикунандаро бо аҳолӣ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва оромӣ вусъат диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *