1500 нафар аз дасти «Шағол» осеб диданд
Террористи машҳуртарини қарни 20 – Илич Рамирес Санчеси шаҳрванди Венесуэла, ки бо лақаби “Карлоси Шағол” маъруф аст, барои бори сеюм ба зиндони абад маҳкум шуд. Рӯзи 28 март додгоҳе дар Фаронса Санчесро дар куштори ду нафар дар Париж дар соли 1974 гунаҳгор эълон кард. Аз ин пеш ҳам дар Фаронса додгоҳҳо ӯро ду дафъа – дар соли 1997 ва 2011 барои куштор ва анҷоми амали террористӣ дар солҳои 1970-1980 ба ҳукми абади зиндон маҳкум карда буд. Ҳисоб шудааст, ки дар давоми 20 сол бо гуноҳи “Шағол” на камтар аз 1500 ҳазор нафар осеб дидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ