Оё нафту газ дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Тоҷикистон ва Эрон талош доранд ҳамкориҳоро дар бахши саноати нафту газ густариш диҳанд.
Ҷаводи Авҷӣ, вазири нефти Эрон гуфтааст, ки кишвараш омода аст ба Тоҷикистон дар бахши коркард ва дарёфти чоҳҳои нафту газ кумак кунад.
Номбурда ин нуктаро пас аз дидор бо Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон изҳор доштааст,- хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати нефти Эрон.
Вазорати нефти Эрон гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба зарфият ва тавонмандиҳое, ки дар заминаи истихроҷ, кашф ва баҳрамандӣ аз майдонҳои нефт ва газ ва коркарди нефту газ дар полоишгоҳҳо ва дар ҳоли ҳозир маҳсулоти саноати кимиё дорад, эъломи омодагӣ барои кумак кардааст.
Авҷӣ афзудааст, ки тавофуқҳои хуб ҳам дар ин заминаҳо бо ҷониби Тоҷикистон доштаанд.
Номбурда бо баёни ин ки Эрон дар бахши тавсеаи майдонҳои нефт ва гази Тоҷикистон мушорикат хоҳад кард, гуфтааст: «Дар пайи матраҳ шудани дархости бозсозӣ ва навсозии полоишгоҳҳои нефти ин кишвар Эрон бо такя ба тавонмандиҳои ширкати миллии полоиш ва пахши фаровардаҳои нефтӣ дар саноати полоиш ба зудӣ гуруҳҳои фаннии худро ба кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон эъзом мекунад, то тавофуқҳо дар заминаҳои энергетика, нефт, газ ва саноати кимиё иҷроӣ шаванд».
Ӯ бо ишора ба беҳбуд ва тавсеаи равобит гуфтааст, ки «сатҳи мубодилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистонро дар назар аст ба беш аз 500 миллион евро бирасонем».
Ба гуфти Авҷӣ, зимин музокирот бо вазири энергетикаи Тоҷикистон дар мавзӯи омӯзиш дар ҳавзаи энергетикаи Тоҷикистон матолиби хуб матраҳ шуда, ки ширкати миллии нефти Эрон ҳам дар ин бора эъломи омодагӣ кардааст.
Далер Ҷумъа, вазири энергеика ва захоири обии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои Эрон дар заминаҳои иктишоф ва тавлиди нефт ва газ хостори такмили кормандон ва ҳамкории густурдатар дар ин умур ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ