Панҷ фалокату 6 тобут 

Рӯзҳои 10-11 декабри соли ҷорӣ, дар қаламрави ҷумҳурӣ 5 садамаи маргбори нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 6 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 25-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди деҳаи Розиёни ноҳияи Данғара, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Прадо” таҳти идораи марди 63-солаи сокини шаҳри Душанбе бархурдааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” зани 57-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Прадо” марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бошад ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Лоҳур ба самти ҷамоати деҳоти Эсанбои ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба ҷарии баландиаш 70-метр чаппа намудааст.

Дар натиҷа мусофири автомашина, марди 54-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин  ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” марди 35-солаи сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Ғафуров-Сомғор-Ашт” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сомғори ноҳияи Б.Ғафуров, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, се нафар  шаҳрвандон, марди 34-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, марди 48-сола ва 50-солаи сокинони ноҳияи Аштро, ки дар канори роҳ ба таъмири автомашинаи тамғаи “Муссо” машғул буданд, пахш кардааст.

Дар ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ марди 34-сола бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Рӯзи 11.12.с.2016, тахминан соати 03:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 21-солаи сокини ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қурғонтеппа ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутуни бетонии канори роҳ бархурдааст.

Бо рух додани чунин бархурд, худи ронанда ва мусофири автомашина зани 30-солаи сокини ноҳияи Вахш бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигари автомашина зани 32-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа ва марди 23-солаи сокини ноҳияи Восеъ, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

11.12.с.2016, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 71-солаи сокини ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Дӯстӣ ба самти ноҳияи Қубодиён, бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарда, ба автомашинаи тамғаи “Форланд” таҳти идораи ронанда, марди 26-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *