Тафсилоти расмии ҳаводиси охир дар ноҳияи Рӯшон
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вобаста ба ҳаводиси охир дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ иттилоъ пахш кард. Дар он омадааст:
Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Рӯшони ВМКБ таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии созмонҳои байналхалқии экстремистӣ-террористӣ, бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ, бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ, инчунин маводи оташафрӯзандаи «Коктейли Молотов» ба колоннаи автомашинаҳои хизматчиёни воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамла намуданд.
Дар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша иборат аз 200 нафар бо истифода аз тамоми намуди силоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд. Гурӯҳҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ин амалҳо қаблан омодагӣ дида ба ҳамин мақсад аз хориҷи кишвар силоҳу аслиҳа ворид намуда буданд.Ҳар як сокини бовиҷдони вилоят шоҳиди он аст, ки таъкидҳои чандинкаратаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамъомадҳо, суҳбатҳо бо иштироки аҳли ҷомеа ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, муроҷиатҳо тавассути васоити ахбори умум барои супоридани силоҳи оташфишон, даст кашидан аз муқовимати мусаллаҳона ба муқобили сохторҳои конститутсионии мамлакат аз ҷониби дастаҳои ҷинояткор беҷавоб монданд. Оқибат онҳо ба содир кардани ҷиноятҳои характери террористӣ дошта гузаштанд. Бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид. Дар натиҷа 8 нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзоёни фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд. Аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, “Коктейли Молотов” мусодира гардид.
Дар вақти амалиёт ягон нафар аз аҳоли осоишта зарар надидааст.
Вобаста ба қазияи маҳкур аз ҷониби прокуратураи вилоят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.
Айни хол вазъият дар ноҳия ором буда, инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ ба кори муқарарӣ ва сокинони ноҳия ба фаъолияти рӯзмарраи худ оғоз карданд.
Ба боқимонда гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша қотеъона эълон карда мешавад, ки то ҳол онҳо имконияти сулҳомези супоридани ҳама гуна силоҳ ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шуданро доранд. Фардо дер мешавад.
Аз аҳолии вилоят эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини тариботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, инфрасохтори иҷтимоӣ, фаъолгардонии масири ҳаракати нақлиёти байналхалқӣ, пешгирии тамоми намуди қонуншиканиҳо ва ахиран суботи ҷомеа, дар мисоли тамоми нуқоти кишвари азизамон кӯмаки худро расонанд.
Танҳо давлати меҳварӣ ва қонунмандӣ асоси амният ва рушди ҷомеа аст. Ин вазифаи муқаддасро мо дар якҷоягӣ ва ҳамбастаги бо мардумони баору номуси вилоят бо қотеият ва муваффақона амалӣ мекунем. Бо ҳамин ба фаъолияти тамоми гурӯҳҳои муташаккили силоҳноки нашъаҷаллоб ба якборагӣ хотима мегузорем. Роҳи дигар вуҷуд надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ