“16 рӯзи амал алайҳи зӯроварӣ нисбати занон”: Кушодашавии маъракаи ҷаҳонӣ
Имрӯз, 25-уми ноябр бахшида ба Рӯзи байналмилалии барҳам додани зӯроварӣ нисбати занон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон якҷоя маъракаи ҷаҳониро таҳти унвони “16 рӯзи амал алайҳи зӯроварии гендерӣ”-ро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд, ки он “Маъракаи норинҷӣ” низ ном бурда мешавад.
Дар чорабинӣ масъалаҳои зӯроварии гендерӣ ва фаъолияти дастаҷамъона баҳри решакан кардани он, аз ҷумла, сафарбар намудани ҷавонон, васоити ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирии он, мубориза бо стереотипҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ ва таблиғи роҳҳои мусбии ҳалли мушкилоти хушунати ҷинсӣ тавассути ҷалби мардон ва ҷавонон баррасӣ гардиданд.
Имсол, маъракаи мазкур дар шароити пандемияи КОВИД-19 мегузарад, ки давлатҳои ҷаҳон афзоиши ташвишовари паҳншавии хушунати гендериро дар ҳолати паст шудани дастрасӣ ва маблағгузорӣ ба хизматгузориҳо мушоҳида менамоянд.
Тақрибан аз панҷ нафар зан як нафараш дар саросари ҷаҳон дар соли гузашта зӯровариро аз сар гузаронидааст. Дар Тоҷикистон натиҷаи тадқиқоти демографӣ ва тандурустӣ аз соли 2017 нишон дод, ки аз ҳар се нафар зан якеаш бо зӯроварии ҷинсӣ рӯ ба рӯ гардидааст.
“Дар давраи пандемияи коронавирус занонро пандемияи соявии зӯроварии гендерӣ азият медиҳад. Бе афзоиши назарраси амалиёт, захираҳо ва сафарбаркунӣ, хавфи аз даст додани пешравиҳои тайи солҳои зиёд ба даст оварда, дар ин соҳа метавонанд коста гарданд. Даҳсолаҳои пешрафт ва миллионҳо ҳаёт зери хатаранд. Мо бояд хушунатро дар асоси ҷинсият дар мадди аввал гузошта, ҷомеаро дар ин замони душвор барои ҳалли он васеътар ҷалб намоем”,- қайд намуд Хонум Сезин Синаноглу, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон
Ҳамчунин, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Ҳилолбӣ Қурбонзода дар сухани ифтитоҳии худ гуфт:
-Ҳукумати Тоҷикистон азми қавӣ дорад, ки ба хушунат нисбати занон ва духтарон хотима диҳад ва ба онҳо тамоми имконотро барои пешравӣ ва саҳми арзанда дар равандҳои рушд фароҳам оварад. Мо нақши беназири шарикони рушдро, ки ба Ҳукумат дар ноил шудан ба ҲРУ ва мусоидат ба баробарии ҷинсӣ ва тавонмандсозии занон мусоидат мекунанд, қадрдонӣ менамоем.
Мавзӯи маъракаи соли 2020 «Дунёро норинҷӣ кунед: маблағгузорӣ кунед, амал намоед, пешгирӣ кунед, ҷамъ намоед!» ба инъикос ёфтани амалҳои афзалиятноки ҷаҳонӣ оид ба ҳалли ниёзҳои занон ва духтароне, ки ба хушунати гендерӣ дучор мешаванд ва алахусус дар замони пандемияи COVID-19 шадидтар кардааст, равона карда шудааст.
Барои нишон додани ӯҳдадориҳо, дастгирӣ ва ҳамбастагӣ бо маъракаи глобалӣ, мардуми тамоми ҷаҳон ҷомеаҳои худро бо ранги норинҷӣ равшан мекунанд, зеро ранги норинҷӣ рамзи ояндаи дурахшон ва бидуни зӯровари нисбати занон ва духтарон аст.
Дар Тоҷикистон маъракаи “Рӯзи норинҷӣ” ҳамасола қайд карда мешавад ва имсол маросимҳои анъанавии бо ранги норинҷӣ нурпош намудани биноҳо аз ҷониби СММ ва Дафтари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо бо дигар биноҳои Душанбе, аз ҷумла Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Сафоратхонаҳои Британияи Кабир, Олмон ва Маркази тиҷории “Созидание”, ҳамроҳ шуда, ба ранги норинҷӣ мунаввар мегарданд, то ба маърака ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ барои решакан кардани ҳама гуна зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон ҳамроҳ шаванд.
Мавриди зикр аст, ки “16 рӯзи амал алайҳи зӯроварии гендерӣ” маъракаи байналмилалиест, ки ҳамасола аз 25 ноябр, Рӯзи байналмилалии барҳам додани зӯроварӣ нисбати занон оғоз мешавад ва то 10 декабр, Рӯзи ҳуқуқи инсон гузаронида мешавад. Ҳамасола Тоҷикистон ба ин маърака бо иштироки чорабиниҳои васеъ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва тағйир додани фаҳмиш нисбати зӯроварии гендерӣ нисбати занон ва духтарон ҳамроҳ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ