16 санади нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон

Имрӯз, 30 май баъди анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳим Раисӣ як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ зери “Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон” имзо гузоштанд.

Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум дар бораи ташкили Кумитаи муштараки сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ;

— Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон барои солҳои 2022- 2030;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳифозати муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дуҷониба дар самтҳои асосии рушди харитасозӣ, геодезия, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони биржа ва коғазҳои қиматноки Эрон;

— Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *