160 ҳазор сомониро магар ӯ танҳо дуздид?

ВКД Тоҷикистон аз боздошти як зани 41-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми дуздии молу ашёҳои рӯзгор ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ аз манзили як сокини ин ноҳия хабар дод.

Ба ШВКД дар ноҳияи Б. Ғафуров бо ариза марди 69-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки дар давоми аз моҳи октябри соли 2021 то моҳи феврали соли 2022 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 160 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.

ВКД гуфт, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *