160 нафар ҳангоми шиноварӣ ба ҳалокат расидаанд
Давоми соли 2022 дар кишвар 160 нафар ҳангоми шиноварӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Ин рақам дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, ки имрӯз, 7-уми феврал баргузор гардид, зикр шуд.
Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки наҷотдиҳандагон дар ин давра 44 нафари ғарқшударо наҷот додаанд.
Дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 697 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 46 офати табиӣ ба аҳолӣ ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарар расонидаанд. Ин омор дар соли 2021-ум 359 ададро ташкил медод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ