17 ҳазор дар 6 моҳ. Ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия идома дорад
Тибқи маълумоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2024 беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия иҷборан ба Ватан баргардонида шудаанд.
Аслам Шамсиддин, намояндаи ин ниҳод дар маҳфили навбатии «Тавозун» қайд кард, ки ин омор дар асоси сабтҳои расмӣ таҳия шудааст, вале эҳтимол меравад, ки шумораи воқеии ихроҷшудагон бештар бошад.
Ба гуфтаи Шамсиддин, ихроҷшудагон асосан тавассути фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ҳамзамон, ӯ илова кард, ки назорати ҳуқуқҳои ин муҳоҷирон дар дохили кишвар ба зиммаи мақомоти дахлдор гузошта шудааст.
Аз миёни ихроҷшудагон танҳо 2,3 ҳазор нафар дар 9 моҳи гузашта барои ёрӣ дар пайдо кардани кор ба Вазорати меҳнат муроҷиат намудаанд.
Аз онҳо танҳо 595 нафар тавонистанд ҷойи кор пайдо кунанд, ки ин нишондиҳанда ба масъалаи мушкили бозори меҳнат дар кишвар таъкид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ