17 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот: 14 нафар ҳалок шудаанд

Дар шаш моҳи соли 2022-юм 161 нафар роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳо, ки дар фаъолияташон риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунанда ба назар расидааст, ба маблағи 680 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима карда шудаанд.

Ба гуфти сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим, дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ дар соли 2022-юм 17 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 14 нафар ҳалок шуда, 25 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бароштаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ мутахассисони Хадамот 688 бандҳои риоя нагардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор намудаанд. Ба роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо 93 санад-нишондод пешниҳод гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *