17%-и бешазорҳо несту нобуд шудаанд
Имрӯз яке аз масъалаи муҳими экологӣ буридани ғайриқонунии дарахтон мебошад. Масалан ташкилоти байнамилалии GIZ оид ба муаммои табиат таҳқиқот бурд. Дар натиҷаи таҳқиқот муайян гашт, ки аз соли 1990 то соли 2016 дар ҷумҳурӣ 17%-и бешабоғҳо несту нобуд шудаанд.
Ба гуфтаи мутахассисони ташкилоти мазкур барои барқарор кардани 0,5 %-и боғзорҳои нобудшуда 10 сол лозим аст.
Мутахассисони соҳаи экологӣ ба онанд, ки дар ҳолати пешгирӣ накардани буридани ғайриқонунии дарахтон хатари шамоли шадид, нест шудани ҳайвоноти нодир ва вайроншавии таркиби хок (эрозия), селхезӣ ва дигар хатарҳо ба миён меояд.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ