17 марду 92 зан. Нафақагирони аз 100-сола боло дар вилояти Хатлон

Феълан дар вилояти Хатлон 300 ҳазору 172 нафақагир зиндагӣ мекунанд, ки аз ин шумора, 92 нафари онҳоро занони аз 100 то 120 соло ташкил медиҳад. 

 Қобилҷон Файзализода, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj афзуд, ки 92 нафақагири аз 100 сола боло дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, ки аз ҳама куҳансолтарини онҳо Басимо Тураева, сикини ноҳияи Ховалинг аст, ки аллакай ба синни 121 қадам гузоштааст. Ба таъкиди вай ҳамчунин дар вилояти Хатлон 17 нафар марди нафақагири аз 100 сола боло умр ба сар мебаранд, ки онҳо аз 100 то 106 сол доранд.

“Талаботи моҳонаи нафақаи нафақагирон беш аз 144 миллион сомонӣ аст, ки саривақт пардохт мешавад. Онҳое, ки аз 100 сола болоанд, аксарият нафақаи синусолӣ мегиранд ва андозаи нафақаи моҳонаи онҳо аз 300 сомонӣ то наздики 1 ҳазору 700 сомониро ташкил мекунад”,-гуфт ӯ.

Қобилҷон Файзализода мегӯяд, дар арафаи ҳар ҷашну маросим шахсони масъул дар якҷоягӣ бо намояндагони агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақа шахсони ба истилоҳ табарукро аёдат мекунанд ва ба онҳо кумаки яквақта мерасонанд. Ӯ афзуд, ки дар арафаи Рӯзи модар ҳам тамоми модарони аз 100 сола боло ва модарони рӯзгордида бо туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image