17 шикояти муштариён аз бонкҳо ба фоидаи онҳо ҳал гардидааст
Наим Мансурзода, раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон 18 январ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки соли гузашта Суди олӣ 521 парвандаро бар асоси шикояти бонкҳо нисбати мизоҷонашонро баррасӣ карда, 2 миллиард сомонии бонкҳоро аз сокинон ва ширкатҳо баргардонидааст. Ҳамзамон Мансурзода афзуд, ки 17 шикояти сокинон аз бонкҳоро баррасӣ намуда, ба нафъи сокинон ҳал кардааст.
Ба гуфти ӯ, бештари аризаҳо аз ҷониби “Тоҷиксодиротбонк” ирсол шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин бонк алайҳи муштариёни худ 29 аризаи шикоятӣ навиштааст. “Амонатбонк” 12, Бонки миллӣ 10 ва “Ориёнбонк” 6 даъво пеш овардаанд.
Бештари баҳсҳои миёни муштариён ва бонкҳо ба манзил марбут аст. Муштариён хонаҳои худро ба гарав монда, аз бонкҳо қарз мегиранд ва дар пайи баргардонида натавонистани қарз манзил ба музояда гузошта мешавад.
Э. Назаров
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ