17 соат интиқоли об дар чанде аз маҳаллаҳо қатъ мешавад

Интиқоли оби нӯшокӣ дар чанде аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе аз соати 23:00-и рӯзи 15 июл то соати 16:00-и рӯзи 16 июл қатъ мегардад.

Тибқи иттилоъи шаҳрдорӣ об ба баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар роҳи мошингарди кӯчаи Шамсӣ, дар маҳаллаҳои Шишхона, Ҳаёти нав, Дӯстӣ, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Чортеппа, инчунин микрорайонҳои 11, 12, 13, 14, 15, 31, 32, 83, 84, 103 ва 104 қатъ карда мешавад.

Аз сокикони шаҳри Душанбе дар робита ба ин дархост мешавад, ки миқдори зарурии обро захира намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *