175 донишҷӯ баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд
Гузориши ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров зимни нишасти матбуотии санаи 19 июл бо намояндагони васоити ахбори омма ба таври суҳбати озод ва саволу ҷавоби мушаххас ҷараён гирифт.
Ҳ. Фақеров аз ҷумла дар бораи тағйироту навгониҳои донишгоҳ дар соли таҳсили 2017/2018 сухан ронд. Гуфт, ки раёсати донишгоҳ дар оғози соли таҳсил тибқи хулоса ва пешниҳодоти комиссияи аттестатсионӣ тағийроти сохторӣ ва ротатсияи кадрҳоро роҳандозӣ кард. Вобаста ба ин, раёсатҳои таълим, илм ва инноватсия, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим, шуъбаи робита бо ҷомеа таъсис дода шуда, роҳбарони сохторҳое, ки дар як вазифа беш аз панҷ сол фаъолият намуданд, иваз (ротатсия) карда шуданд.
Ба гуфтаи Ҳ. Фақеров сессися имтиҳонотии тобистонаро аз 2224 донишҷӯ 2049 нафар бомуваффақият супориданд. 15 нафари онҳо сессияро бо баҳои аъло, 428 нафар бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намудаанд. 175 донишҷӯ баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд. Дараҷаи азхудкунӣ дар донишгоҳ 92,1 фоиз ва сатҳи таҳсилот 56,4 фоизро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ