18 мартро рӯзи интихоботи президентии Русия

Шӯрои Федератсия 18 мартро рӯзи интихоботи президентии Русия таъйин кард. 160 узви палатаи болоии порлумони Русия аз ин қарор ҷонибдорӣ карданд.

Қарори Шӯрои Федератсия 18 декабр нашр ва қуваи қонунӣ пайдо хоҳад кард. Ба ин тартиб, расман аз рӯзи 18 декабр маъракаи пешазинтихоботии президентӣ шуруъ мешавад. Ин маънои онро дорад, ки довталабон метавонанд барои сабти ном шудан ариза диҳанд ва таблиғотро шуруъ кунанд.

Моҳи майи соли ҷорӣ Думаи давлатии Русия ба қонунгузории интихоботии ин кишвар тағйирот ворид кард. Интихоботи президентӣ дар якшанбеи севуми моҳи марти соли 2018 таъйин шуд, ки бо 18 март рост меояд. Он рӯз ҳамчунин солгарди имзои созишномаи «ҳамроҳшавӣ»-и Қрим ба Русия аст. То ин дам интихоботи президентии Русия якшанбеи дувуми моҳи март баргузор мешуд.

Президенти амалкунандаи Русия Владимир Путин, раиси Ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский, асосгузори ҳизби «Яблоко» Григорий Явлинский, ровиёни телевизион Ксения Собчак ва Екатерина Гордон, тоҷирон Сергей Полонский ва Борис Титов, инчунин сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний эълон карданд, ки дар интихобот ширкат мекунанд. Аммо мақомот мегӯянд, Навалний ба далели доштани доғи судӣ ҳақ надорад, дар интихобот ширкат варзад. Навалний сарфи назар аз ин маъракаи пешазинтихоботиро идома медиҳад.

Тибқи назарсанҷиҳо, мумкин аст, шумори хеле ками раъйдиҳандагон дар интихоботи навбатӣ ширкат кунанд. Ҳамагӣ 58 дарсади сокинони Русия гуфтаанд, нияти раъйдиҳиро доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *