18 нафар аз истеъмоли тут заҳролуд шуданд
Санаи 11-май баъди хӯроки шом (ифтор) дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) 18 нафар аз истеъмоли мевагии тут заҳролуд шуданд.
Санаи 11-май баъди хӯроки шом (ифтор) дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) 18 нафар аз истеъмоли мевагии тут заҳролуд шуданд.
Бино ба гуфти масъулини Маркази назорати санитарӣ-эпидемеологӣ дар ноҳияи Деваштич ҳодисаи заҳролудшавӣ 11 май соати 7-30 дақиқаи бегоҳӣ рух дода, 18 нафар беморон аз деҳаҳои Равот, Қаълаи дӯст ва Қаълаи Мирзобойи ҷамоати Ваҳдат мебошанд.
10 нафари беморон, ки яъзои як оила (бобо, бибӣ, падару модар ва 6 фарзанд) ҳастанд зодаи деҳаи Равот буда, 8 нафари дигар аз ду деҳаи дигар ҳастанд,ки аз истеъмоли мевагӣ заҳролуд шудаанд. Онҳо баъди истеъмоли тут яку якбора таъбашон баланд ва дарунрав шудаанд.
“Баъди ду соати худмуолиҷакунӣ баъд ба духтарони беморхонаи Каленинобод муроҷиат карданд. Аз он ҷо боз ба беморхонаи марказии ноҳия интиқол шуданд. Инчунин, 4 нафари дигари сироятёфтагон сокинони деҳаи Қаълаи дӯсти ҷамоати номбурда буда, онҳо низ аъзои як оила, ки аз модар ва се фарзандаш (ду духтар ва як писар) иборатанд, дар беморхонаи Каленинобод ташхис ва табобат мешаванд. Аммо духтурони ин беморхона ҳолати онҳоро вазнинтар арзёбӣ карда ба беморхонаи Марказии ноҳиявӣ иқтиқол доданд”-афзуданд масъулини Маркази назорати санитарӣ-эпидемеологии ноҳияи Деваштич.
Ба гуфти кормандони ин Маркази баъди рух додани ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ҷониби се мақомот 5 гурӯҳ ташкил карда шуда, дар мактабҳои рақамҳои 12 ва 50-и деҳаи Қаълаи Дӯст ва МТМУ рақами 22-и деҳаи Қаълаи Мирзобой бо иштироки хонандагону омӯзгорон оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ва истеъмоли дурусти мевагиҳои баҳорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Насимҷон Маҳмадалӣ, сарвари Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич дар робита ба ин масъала гуфт:-Дар ҳақиқат шаби 11 май дар умум 18 нафар бемороне, ки гирифтори заҳролудшавии сабук гардида буданд, ба беморхона интиқол ёфта ва ба онҳо бо духтарони амрози даруна якҷоя тамоми кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида шуд. Ташхис муайян кард, ки беморон гирифтори сирояти сабуки заҳролудшавӣ шудаанд. Таҳлилҳо нишон дод, ки ҳамаи онҳо мевагии намуди тутро истеъмол карда ба ин ҳолат гирифтор шудаанд.
Ба бозори Деваштич аз шаҳри Хуҷанд соҳибкорон тут овардаанд ва ин гуруҳи сокинон харидорӣ ва истеъмол намудаанд. Аммо пас аз истеъмоли тут оби хунук нушидаанд, ки ин амал нодуруст аст. Одам дар кадом синну соле, ки бошад бояд донад, ки баъди истеъмоли тут ва бодиринг нушидани оби сард оқибати хуб надорад.
18 нафар беморон, ки аз деҳаҳои Қаълаи Мирзобой, Қаълаи Дӯст ва Чуянчӣ буданд, пас аз 3-4 рӯзи табобат дар беморхона ҳолаташон ки хуб шуд. Онҳо як муддат таҳти назорати духтурони оилавӣ қарор мегиранд.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ