Лимити барқ барҳам хӯрд, аммо…

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти  Тоҷикистон бо як пахши як муроҷиатнома аз лағви “лимит” хабар дода, афзуд, ки аз 14-уми январ мардуми кишвар 24 соат бо барқ таъмин хоҳанд буд. 

Президент  дар муроҷиатномааш аз мардум ва масъулини корхонаҳо хостааст, нерӯи барқро сарфакорона истифода бурда, ҳаққи барқро сари вақт пардохт намоянд.

Ӯ сарфакорӣ ва пардохти саривақтии ҳаққи нерӯи барқро нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар сокини кишвар хонда, онро кафили фаъолияти муназзаму боэътимоди низоми энергетикӣ унвон кардааст.

Ба гуфтаи президент, бардошта шудани маҳдудият имкон медиҳад, ки ташвишу ногувориҳои зиндагии ҳамватанонамон камтар гардида, барои рушди муназзами иқтисодиёти кишвар шароити бештар пайдо шавад: “Яке аз мушкилоти асосии мардуми кишвар норасоии нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мебошад. Маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ баъзе солҳо аз моҳи сентябр то моҳҳои март ва ҳатто апрел идома пайдо мекард. Мо имконият надоштем, ки ҳатто пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои саноатиро пурра бо нерӯи барқ таъмин намоем”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки бо мақсади бартараф намудани чунин ҳолати ногувор дар кишвар тадриҷан ду нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ ва даҳҳо нерӯгоҳи хурд сохта, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд карда шуданд.

Ширкати “Барқи тоҷик” бо далели сардӣ ва коҳиши оби дарёи Вахш сар аз 1-уми ноябри 2016 аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ хабар дода, маҳдудияти рӯзонаро 5-уми январ бекор карда буд.

Мутаассифона, на дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ҳоло ба пуррагӣ аз лағви реҷаи барқ истифода бурда метавонанд. Як гуруҳ сокинони водии Зарафшон, хосса ноҳияи Панҷакент аз он шикоят доранд.ки барқ ба онҳо то ҳоло бо фосилаҳо то ду соат дода мешавад. Яъне пас аз чанд соати барқдиҳи, он барои ду  соат қатъ мегардад ва боз барқарор мешавад. Баъзеҳо сабаби инро дар набардоштани  хатти барқ шиддати ҷараёни онро  мегуянд. Дар ин бора шарҳи ягон сохтори барқрасон ба нашр нарасидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *