2 ҳазору 550 сомонӣ гирифт: чиптафурӯши қалбакӣ ба даст афтод

Аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои қаллобӣ корҳои назаррас анҷом дода шудааст.

Бо ворид шудани аризаи сокини ноҳияи Вахш Рустамов Биномуддин, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сари вақт як нафар сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони мардумфиребӣ дастгир карда шуд.

Сафаров Зикриё, соли таваллудаш 1987, пеш ду маротиба бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, рӯзи 26 майи соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Бохтар бо шаҳрванд Рустамов Б. шиносоӣ пайдо намуда, худро корманди муассисаи ислоҳотии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муаррифӣ менамояд ва аз номбурда барои харидорӣ намудани чиптаи ҳавопаймои Душанбе-Москва пешакӣ 2 ҳазору 100 сомонӣ мегирад.

Сипас бо истифодаи техникаи компютерӣ ба Рустамов Б. чиптаи қалбакӣ тайёр карда дода, боз такроран санаи 31 майи соли 2021 аз Рустамов Б. 450 сомонӣ гирифта, маблағҳои боқимондаро талаб менамояд.

Гумонбаршуда маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро дар эҳтиёҷоти шахсияш сарф карда дар ду ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Дар шуъбачаи тафтишотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон нисбати Сафаров З . парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки нафароне, ки ба доми фиреби ин шахси қаллоб афтодаанд метавонанд ба Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ё Шуъбаҳои ВКД дар минтақаи зисташон муроҷиат намоянд.

Маркази матбуотии ВКД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *