2 000 даъватӣ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ пайвастанд
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, дар Рӯзи Парчами давлатӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт», «Ҳалқаёр», «Хоруғ» ва «Лангар», ҳамзамон дар Отрядҳои сарҳадии «Дарвоз», «Панҷакент», «Истравшан», «Деваштич», «Исфара», «Ашт» ва «Мастчоҳ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чамъомади тантанавии савгандёдкунии зиёда аз 2 000 нафар сарбози даъвати тирамоҳи соли 2018 баргузор гардид.
Дар ин чорабиниҳо раисони шаҳру ноҳияҳо, Роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, сардорони Марказҳои таълимӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони Хадамоти сарҳадии Федератсия Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар мақомотҳои қудратӣ, падару модарони сарбозон ва собиқадорон иштирок намуданд. Роҳбарият ва сардорони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар назди меҳмонон ва сарбозон баромад намуда қайд карданд, ки маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзӣ имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу суббот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд.
Таъкид гардид, ки мубориза бар зидди ҳамагуна хатарҳои эҳтимолӣ ба хусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар як афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо менамояд. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба Ватан ва Савганди ҳарбӣ мебошад.
Инчунин, дар назди ҳозирин падару модарон баромад намуда ба онҳо хизмати софдилонаро дар ҳифзи марзу буми кишвар орзу намуда, қайд карданд, ки хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад.
Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ