2,8 сол зиндонӣ шудани муаллим барои лату кӯби хонанда
Омӯзгори мактаб-интернати ноҳияи Боғоти вилояти Хоразми Ӯзбекистон баъди латукӯби як хонанда муҷозот шуд.
Ҷуманазар Рӯзматов, омӯзгори мактаб-интернати ноҳияи Боғоти Ӯзбекистон бо айби латукӯби хонанда то ҳолати кома, 2,8 сол зиндонӣ шуд.
Наздикони хонандаи синфи 5 Бобоназар Худойназаров гуфтанд, ки вай баъди латту кӯб шудан аз сӯи омӯзгор дар таърихи 20 сентябри соли 2018 танҳо баъди се моҳ ба худ омад. Бобоназари 11-сола айни ҳол дар манзилаш табобат мегирад.
Додгоҳи ноҳияи Боғот 1 октябри хабар дода буд, ки омӯзгори 36-сола боздошт шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ