2 кушта ва 18 захмӣ. Ҳамлаи бесарнишинҳои Украина ба Маскав

Мақомоти Русия гуфтанд, ки Украина субҳи 11-уми март бо даҳҳо ҳавопаймои бесарнишин ба шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он ҳамла кард. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳамалот 2 нафар кушта ва 18 нафар захмӣ шуда, баъзе аз биноҳои истиқоматӣ ва иншоот осеб дидаанд.

Вазорати дифои Русия гуфт, ки дар маҷмуъ 337 паҳподи Украинаро дар гӯшаҳои гуногуни кишвар задаву нобуд кардаанд. Маълум нест, ки дар ҳамлаҳои Украина чӣ қадар дрон ба кор бурдаанд, вале он яке аз ҳамлаҳои васеъмиқёси Украина ба қаламрави Русия дар чанд ҳафтаи гузашта ба ҳисоб меравад.

Аксу видеоҳои тасдиқношуда аз Маскав ва атрофи он нишон медиҳанд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин ба биноҳои истиқоматӣ зарба задаанд.

Украина масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дар Телеграм хабар дод, ки неруҳои Русия 91 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар фазои Маскав нобуд кардаанд. Ӯ тасдиқ кард, ки порчаҳое аз дрони маҳвшуда ба боми бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Домодедовская осеб расонидааст.

Русия низ дар рӯзҳои охир ҳамларо ба зерсохторҳои Украина ва ҳадафҳои ғайринизомӣ дар ин кишвар бештар кардааст.

Ҳамлаҳои густурда ба ҳамдигар дар замоне сурат мегирад, ки мақомоти баландпояи Амрико ва Украина дар Арабистони Саудӣ ҷамъ омадаанд ва дар бораи роҳҳои поён додан ба ҷанги сесолаи Русия дар Украина суҳбат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image