2 миллион муҳоҷир Русияро тарк кардаанд
Вазорати корҳои дохилии Русия иттилоъ медиҳад, ки то 1 сентябри соли 2024 дар Русия 6,1 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд. Соли 2023 бошад шумораи муҳоҷирон 8,5 миллионро ташкил медод.
Сарраёсати масоили муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия шарҳ дод, ки ин маълумот бо истифода аз нармафзори муосир ба даст оварда шудааст, ки ин маълумотро объективӣ мекунад.
Айни замон бошад, дар Русия 6 миллиону 174 ҳазору 777 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар системаи давлатии бақайдгирии муҳоҷират ба қайд гирифта шудаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ