2 сол ҳукми зиндон ба сарбозе, ки 17 дона сангпора хурда буд

Отабек Иброҳимов барои саркашӣ аз адои хизмати ҳарби ва суиқаст ба ҷони худ бараи аз хизмат раҳо гардидан ба муддати 2 сол равонаи зиндон гардид. Дар ин бора додгоҳи низомии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Мақомот мегӯянд, Отабек Иброҳимов 12-уми ноябри соли 2019 ба сафи артиш даъват шуда буд. Ӯ дар қисми ҳарбии Агентии таъминоти амволи махсус хизмат мекард, ки вазифааш таъмини артиш бо маҳсулоти кишоварзӣ аст.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Иброҳимов дар охири моҳи декабри соли 2019 бо фурӯ бурдани 17 дона санги майда талош кард, ки дар бемористон бистарӣ шавад ва ба ин тартиб аз адои хизмати сарбозӣ раҳо гардад. Додрас гуфтааст, ки ин Иброҳимов «ба шароити сарбозӣ тоб наовардааст».

Вокуниши наздикони сарбози маҳкумшуда ва худи дастрас нест. Маълум нест, ки Отабек Иброҳимов чаро 17 дона санги майдаро фурӯ бурдааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *