20 ҳазор шаҳрванд аз рӯйхати сиёҳ бароварда шуданд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хабар дод, ки номи беш аз 20 ҳазор шаҳрванди кишвараш аз рӯйхати гумонбарони тундгароии динӣ ё худ «рӯйхати сиёҳ» хориҷ карда шуд.

Мирзиёев 8 декабр дар чорабинии бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ӯзбекистон дар Тошканд гуфт, дар ин кишвар Комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравие таъсис ёфта, муроҷиати шаҳрвандонеро баррасӣ хоҳад кард, ки саҳван ё нохудогоҳ ба гуруҳҳои тундрав пайвастаанд.

Ёдрас мешавем, президенти Ӯзбекистон 19 сентябр фармони «Такмили тартиби аз ҷавобгарӣ озод кардани шаҳрвандонеро» имзо карда буд, ки «аз роҳи фиреб ё иштибоҳӣ ба сафи созмону гуруҳҳои тундрав ва террористӣ пайвастаанд».

Дар асоси ин фармон барои баррасии муроҷиати шаҳрвандони мазкури Ӯзбекистон Комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ таъсис ёфт, ки онро додситони кул Отабек Муродов раҳбарӣ мекунад.

Аз 1 ноябри соли 2018 дар асоси хулосаи комиссия, шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки саҳван ба гуруҳҳои даҳшатафкан пайвастаанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод хоҳанд шуд. Дар сурати хулосаи манфии комиссия, парванда тибқи қонунҳои амалкунанда баррасӣ мешавад.

Иҷрои қароре, ки комисия дар доираи салоҳиятҳои худ қабул мекунад, барои тамоми ниҳодҳои давлатии Ӯзбекистон ҳатмӣ хоҳад буд.

Ёдрас мешавем, соли гузашта беш аз 18 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон аз рӯйхати маъруф ба аъзои равияҳои тундгарои динӣ бароварда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *