20 электробуси нав дар Хуҷанд
Корхонаи «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» навсозӣ шуда, барои беҳтар намудани хизматрасонӣ 20 адад электробус ворид карда мешавад.
Раиси Суғд бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосирро дар корхонаи «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» шинос шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, айни замон татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» ҷараён дошта, то ин марҳила беш аз 50 дарсади корҳо ба сомон расонида шудааст.
Манбаъ афзуд, ки раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти татбиқи лоиҳа шинос гардидааст, ки дар доираи он беш аз 100 адад автобуси мусофиркашон ворид гардида, системаи пардохти корти нақлиётӣ ба кор андохта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ