наручник

20 соли зиндон барои қатли ҳамсар

Як сокини 37-солаи шаҳри Истаравшан барои қатли ҳамсараш дар ҳолати мастӣ 20 сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора аз Суди вилояти Суғд хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки сабаби қатли ҳамсар аз ҷониби шавҳар то ду соат бедарак шудани ӯ будааст.

“Ӯ моҳи августи соли 2022 бо ҳамсараш Уғулой Пӯлотова ба бозори маркази шаҳри Истаравшан рафта, барои харидории оби нӯшокӣ ба мағоза медарояд. Баъди баромадан, дар ҷое, ки гуфта буд ҳамсараш бояд истад, ӯро намеёбад. Дар  ғазаб шуда, машрубот менӯшад ва хона омада, бо «термос»-и пури оби ҷӯш ронҳои занро месӯзонад ва баъдан бӯғӣ карда мекӯшад”,- хабар медиҳад манбаъ.

Баҳоваддин Нарзуллоев бо мақсади пинҳон кардани амалаш сарулисоби хунолуди ҳамсарашро иваз карда, як рӯз пас волидони марҳумро огоҳ кардааст, ки гӯё духтарашон бо марги худ фавтидааст. Вале хулосаи экспертизаи судӣ маълум намудааст, ки ӯ аз латукӯб ва бӯғӣ кардан фавтидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *