тарма

200 ҳодисаи лағзиши тарма, 7 ярч ва 6 резиши санг дар 5 рӯз

Шабонарӯзи гузашта дар саросари кишвар нуҳ ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, зарфи панҷ рӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 200 ҳодисаи омадани тарма сабт шудааст, ки бар асари он 19 нафар сокинони навоҳии мухталиф ҷони худро аз даст додаанд.

Чунончи, 19-уми феврали соли 2023 дар километри 327-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз, километрҳои 425, 426, 427, 447, 448-уми роҳи Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ, километри 554-уми роҳи Ванҷ-Рӯшон-Хоруғ, ҳамчунин дар километри 12-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Роштқалъаи ВМКБ тарма ба қайд гиифта шуда, дар натиҷа роҳҳо муваққатан баста шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, бо ҷалби техникаи махсус дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшон оқибатҳои тарма бартараф карда шуда, корҳо дар ноҳияҳои Дарвоз ва Роштқалъа идома доранд.

— Аз 15 то 19-уми феврали соли 2023 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 200 ҳодисаи лағзиши тарма, 7 ярч ва 6 резиши санг ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи лағзиши тарма 19 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷон бохтанд,- меафзояд манбаъ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар, то 21-уми феврали соли равон хатари омадани тарма, резиши сангу рег ва ярч боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *