200 ҳазор соҳибкори бекор
Дар Тоҷикистон дар соли 2017-ум беш аз 200 ҳазор соҳибкори хурду миёна тарки пеша кардаанд. Анҷумани соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон ин оморро рӯзи 12-уми декабр дар як нишаст дар шаҳри Душанбе эълон дошт.
Ба ин қатор соҳибкороне, ки тариқи патент ва онҳое, ки бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ фаъолият мекарданд, шомил ҳастанд.Бино ба пажӯҳиши Анҷумани соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ шумораи онҳое, ки тарки соҳибкорӣ карданд, хеле беш аз солҳои қаблӣ будааст. Омор баёнгари он аст, ки беш аз ҳама дар вилояти Суғд соҳибкорон фаъолияти худро қатъ намудаанд. Дар соли 2017 беш аз 65 ҳазор соҳибкор дар ин вилоят тарки пеша карда буданд.Баъд аз вилояти Суғд шаҳри Душанбе дувумин минтақаест, ки беш аз ҳама соҳибкорон аз кор даст кашидаанд. Дар пойтахти ҷумҳурӣ каме беш аз 50 ҳазор нафар соҳибкориро канор гузоштаанд. Ба ҳамин минвол, дар вилояти Хатлон ҳудуди 42 ҳазор нафар, ноҳияҳои тобеи марказ беш аз 40 ҳазор ва дар Бадахшон тақрибан 4 ҳазор соҳибкор фаъолияташонро қатъ кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ