200 нафар маҳбус ба озодӣ баромаданд
Имрӯз, 21 март бахшида бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ 200 нафар, аз ҷумла 53 нафар зан, 147 нафар мард ва 27 нафар ноболиғ озод карда шуданд.
Аз ҷумла, аз муассисаи ислоҳии 3/6 (низоми умумии ноҳияи Ёвон) 98 нафар, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷинояткории муассисаи ислоҳии 3/4 22 нафар, муассисаи ислоҳии 3/8 (занона дар шаҳри Норак) 53 нафар ва аз муассисаи тарбиявии 3/12 (ноболиғон) 27 нафар озод карда шуданд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
Ёдовар мешавем, ки 20 март фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» имзо шуд. Тибқи ин фармон 897 нафар маҳбус аз зиндонҳои Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврӯз ба озодӣ мебароянд.
ар»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ