2023: Барои озмуни нав 1 480 000 сомонӣ ҷудо мешавад

Тибқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” баргузор мегардад.

Озмуни мазкур ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шуда, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳӣ ва худшиносии насли нав амри зарурӣ ба ҳисоб меравад.

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳои озмун, саволнома ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии “”Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4 ва 5).

3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмунро, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 1 480 000 (як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.

6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 7-уми июли соли 2022, №АП-227

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *