Ҳавои ғуборолуд то 5-уми июл давом меёбад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ бо такя ба хабари Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳавои пурчангу хок дар ҳудуди ҷануби кишвар то 5-уми июл давом хоҳад ёфт.

Тибқи иттилоъ, ҳамчунин то 5-уми июл дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ ва Суғд фаромадани селҳо дар назар аст.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз гирифторони бемориҳои дил, диабети қанд ва гипертония хоҳиш мекунад, ки эҳтиёт бошанд.

Инчунин ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарӣ бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчангу ғубор суръати ҳаракат ва техникаи бехатарии роҳҳо, хусусан дар роҳҳои куҳистонро риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *