21 ҳазору 600 сомонӣ — ҷаримаи Лайло Қаюмова барои идораи мошин дар ҳолати мастӣ
Аз ҷониби кормандони БДА –и Душанбе Лайло Қаюмова барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёти тамғаи “БМВ” боздошт гардид.
Нисбати номбурда бо моддаи 332 — и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда ифтитоҳ шудааст.
“Суди ноҳияи И.Сомонӣ нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 21 ҳазору 600 сомонӣ, бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 5-сол таъин кард”,-иттилоъ медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ